Артикулятсия (фонетика)
Зоҳир
Артикулятсия (аз лот. articulo — тақсим мекунам) — дар овошиносӣ, кори узвҳои нутқ, ки барои талаффузи ягон овоз (фонема) зарур аст.
Барои ин ки артикулятсия овозҳои мушаххаси нутқи инсонро ташкил диҳад, узвҳои артикулятсионӣ бояд чунон ҳолатеро гиранд, ки резонаторҳо шакли даркориро пайдо намоянд. Артикулятсияи ҳар як фонема аз се ҳолати пай дар пай иборат аст:
- ҳолати ибтидо (шурӯъ), ки узвҳо аз ҳолати оромӣ баромада барои талаффузи овоз омода мешаванд;
- ҳолати амал, ки узвҳои нутқ ба якдигар бархӯрда ё наздик шуда ва ё ларзида ягон овозро ҳосил мекунанд;
- ҳолати бозгашт (руҷӯъ), ки узвҳои нутқ ба ҳолати аввала бармегарданд ва ё ба талаффузи овози дигар мегузаранд.
Артикулятсия гуногун мешавад: даҳонӣ, димоғӣ ва ғ. Вобаста ба заминаи артикулятсия овозҳо димоғӣ, лабӣ, ҳалқӣ ва ғ. мешаванд. .
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Артикулятсия / Т. Хаскашев // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.